АГАР УКРАИНА КӮМАК РАСОНАД, КОРХОНАҲОИ КӮЛОБ ТАРАҚҚӢ МЕКУНАНД

Декабрь 5, 2008 11:55

Кӯлоб, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Баҳри рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва дар ин замина беҳтар намудани муносибатҳои байнидавлатӣ, як ҳайати бонуфузи саноатчиён ва соҳибкорони вилояти Харкови Украина ба вилояти Хатлон сафар намуданд. Ҳайати баландпояи корӣ бо сарварии муовини раиси вилояти Харкови Ҷумҳурии Украина Олег Шаповалов ба вилояти Хатлон сафар карда, нахуст бо раиси он ва раиси шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуданд. Олег Шаповалов мақсади сафари ҳайатро дар барқарор намудани робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва бастани шартномаҳо бо соҳибкорони вилояти Хатлон арзёбӣ намуд. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Украина ба маҳсулоти корхонаҳои пахтатозакунӣ эҳтиёҷ дорад ва метавонад ба саноатчиёни вилояти Хатлон таҷҳизоти муосири саноатӣ пешниҳод намояд. Дар шаҳри Кӯлоб бошад, то имрӯз 22 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунанд, ки бо сабабҳои гуногун иқтидори пурраи онҳо роҳандозӣ нашудааст. Фақат бо саъю кӯшиши роҳбарияти шаҳр дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ саноатчиён ба маблағи 277 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта як баробар зиёд мебошад. Ба гуфтаи мутахассисон, бастани шартномаҳои тарафайн ва ҳал шудани мушкилот дар соҳа имкон фароҳам меорад, ки иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон боло равад.  

Декабрь 5, 2008 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид