АМАЛИЁТИ ҲАРБИИ ИСРОИЛ ДАР ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ ДАВОМ ДОДА МЕШАВАД

Декабрь 31, 2008 11:34

          Тел – Авив,  31  декабр. (АМИТ «Ховар» — РИА «Новости»). –  Сарвазири  Исроил  Эхуд  Олмерт   рӯзи  сешанбе   изҳор  намуд, ки  қисмҳои  ҳарбии  мамлакат  амалиёти  ҳарбиро  дар   воҳаи  Ғаззаҳ   давом  хоҳанд дод.  Хабар  дода  мешавад, ки   ҳавопаймоҳои  низомии  Исроил   чор  рӯз  боз  минтақаҳои  гуногуни  воҳаи  Ғаззаҳро  бомбаборон  мекунанд. Дар  натиҷа  бештар  аз 360 сокини  маҳаллӣ  ба  ҳалокат  расид.          Ҳамзамон  дар  Исроил  хизматчиёни  ҳарбии  мустаъфӣ    дар  марказҳои  аскаргирӣ  ҷамъ карда,   ба  сарҳадҳои  Фаластин   фиристода  мешаванд.   Хабар  дода  мешавад, ки    дар  амалиёти  ҳарбии  воҳаи  Ғаззаҳ  қисмҳои  ҳарбии  пиёданизом,  мошинҳои  зиреҳпӯш  ва  тӯпхона  истифода  карда  хоҳанд  шуд.         Э.Олмерт  зимни  мулоқот  бо  президенти  мамлакат  Шимон Перес   зикр  кард, ки   амалиёти  ҳарбӣ  дар   воҳаи  Ғаззаҳ нав   шурӯъ  шудааст ва   то  ба  даст  омадани  ҳадафҳои   пешниҳоднамудаи  ҳукумат  давом  дода  мешавад. 

Декабрь 31, 2008 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид