АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ БА САФОРАТХОНАИ ҶТ ДАР ҲИНДУСТОН ТАЪСИРЕ НАМЕРАСОНАД

Декабрь 2, 2008 10:35

         Душанбе, 2  декабр. АМИТ «Ховар»,   Людмила  Дубинина). – Амалиёти террористии  дар  маркази  калонтарини  молиявии  Ҳиндустон —  шаҳри Мумбай анҷомдодашуда тамоми  ҷомеаи  ҷаҳонро  ба ташвиш  овард. Сардори  раёсати   сиёсати  берунӣ  ва  рушди  равобити  берунии  иқтисодии  Маркази   тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  профессор  Абдунабӣ  Сатторзода  зимни  сӯҳбат  бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  ақидаи худро  дар  бораи   ин  амалиёти бераҳмона  чунин  баён  кард:        Ин воқеаи  фоҷианоки  дар  Ҳиндустон рухдода танҳо  қобили таассуф  мебошаду  бас.  Бояд  гуфт, ки  ин  воқеа  ба  муносибатҳои  Тоҷикистону  Ҳиндустон  таъсири  манфӣ  намерасонад. Зеро    ба  ақидаи  сиёсатшиносон, ин воқеа  хусусияти  маҳаллӣ  дорад.  Бинобар  ин  ба  таъмини  амният  ва  фаъолияти  сафорати  Тоҷикистон  дар  Ҳиндустон ягон  зарар  расонда  наметавонад. Агар   хабарҳо  дар  бораи  ворид  гардидани   террористон   ба  Ҳиндустон  аз  қаламрави  Покистони  ҳамсоя  ҳақиқат  дошта  бошанд,  дар ин  маврид  муносибатҳои  ҳар дуи  ин  мамлакатҳо  ояндаи  наздик  муташанниҷ  хоҳад  гашт. Дар  бораи  ин  амалиёти  террористӣ  сухан  ронда, таъкид  кардан  лозим  аст, ки  чунин  воқеаҳо   на  танҳо  барои  як  мамлакат,  балки   тамоми  минтақа  ва  саросари  ҷаҳон  хавфи  калон  доранд. Ҷомеаи  ҷаҳон  бояд  барои аз  байн  бурдани терроризм  ҳамчун   зуҳуроти  манфии  иҷтимоию  сиёсӣ  тадбирҳои  самарабахш  андешад. Дар  акси  ҳол  имкон  дорад, ки  чунин  амалиёт  оянда   дар  мамлакатҳои  дигар  низ  рух  диҳанд. Вобаста ба ин  проблемаҳои  Афғонистонро низ  ҳал  кардан  зарур  аст. Зеро  чигунагии  вазъияти  Афғонистон ба вазъияти ҳарбию  сиёсии  Покистон  зич   вобаста  мебошад. Имрӯз  чи  дар  Покистон ва  чи  дар  Афғонистон  гурӯҳҳои   ифротгарои  террористие  амал  мекунанд, ки  дар  ҳар  мавриди  қулай ба  чунин  амалиёт  даст  зада  метавонанд,  гуфт  дар хотима  Абдунабӣ  Сатторзода. 

Декабрь 2, 2008 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд