АНҶУМАНИ ЯКУМИ ФИТОТЕРАПЕВТҲО ВА ФИТОФАРМАКОЛОГҲОИ ҶТ
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Моҳи декабри соли ҷорӣ Маркази ҷумҳуриявии тиби халқӣ дар якҷоягӣ бо Институти байналмилалии омўзиши осори Ибни Сино ва фармакология (ИБООИС) гузаронидани Анҷумани якуми фитотерапевтҳо ва фитофармакологҳои Тоҷикистонро ба нақша гирифтаанд, ки бешубҳа, он маъракаи муҳими илмии сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар анҷуман иштироки олимони варзида аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Амрико, Фаронса, Чин ва ғайра дар назар аст. Дар мақолаҳои илмии анҷуман, ки дар маҷмўаи «Масъалаҳои фитотерапия ва фитофармакология» ҷой гирифтаанд, масъалаҳои муҳими тиби муосир, ба монанди масъалаҳои умумӣ ва ҷузъии фитотерапия, вазъи ҳозираи тиби халқии тоҷик, ҳамчунин дастовардҳо ва масъалаҳои ҳалталаби фитофармакологияи тоҷик мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Қариб дар аксари мақолаҳои олимони хориҷӣ ҳамкорон олимони тоҷик, кормандони Маркази ҷумҳуриявии тиби халқӣ мебошанд, ки ин аз дастовардҳои илмии Марказ дарак медиҳад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






