АНДОЗИ «ТАЛКО» — РО ЗИЁД МЕКУНАНДУ ҲАВАСМАНДИАШРО КАМ
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи Сайёҳат Қодирова- сухангӯи корхонаи давлатии «Талко», дар давоми панҷ соли охир андози давлатии як тонна маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаи арзизи Тоҷикистон, ки соли 2003 211,9 сомонӣ буд, дар 10 моҳи соли 2008 611,9 сомониро ташкил дод. Ин нишондод муодили 178 доллари амрикоӣ мебошад. Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» дар ҷумҳурӣ калонтарин корхонаи андозсупоранда маҳсуб меёбад. Танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ «Талко» ба буҷаи ҷумҳурӣ бештар аз 200 миллион сомонӣ андоз ворид намудааст. Дар давоми соли ҷорӣ ба ширкати «Барқи тоҷик» тахминан 114- 115 миллион доллар маблағи истифодаи барқро месупорад. Дар сурати зиёд шудани андози давлатӣ ба истеҳсоли алюминий, ҳавасмандии корхона ба истеҳсолот кам мегардад, ки ин ҳам ба зарари корхона ва ҳам ба зарари буҷа аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






