АНДОЗИ «ТАЛКО» — РО ЗИЁД МЕКУНАНДУ ҲАВАСМАНДИАШРО КАМ

Декабрь 2, 2008 08:42

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи Сайёҳат Қодирова- сухангӯи корхонаи давлатии  «Талко», дар давоми панҷ соли охир андози давлатии  як тонна маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаи  арзизи Тоҷикистон, ки  соли 2003  211,9 сомонӣ  буд, дар 10  моҳи соли 2008    611,9  сомониро ташкил дод. Ин  нишондод муодили 178 доллари амрикоӣ мебошад. Корхонаи воҳиди давлатии  «Талко» дар ҷумҳурӣ калонтарин корхонаи андозсупоранда маҳсуб меёбад. Танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ  «Талко» ба буҷаи ҷумҳурӣ бештар аз 200 миллион сомонӣ андоз ворид намудааст. Дар давоми соли ҷорӣ  ба ширкати  «Барқи тоҷик» тахминан 114- 115 миллион доллар маблағи истифодаи барқро месупорад. Дар сурати зиёд шудани андози давлатӣ ба истеҳсоли алюминий, ҳавасмандии корхона ба истеҳсолот  кам мегардад, ки ин  ҳам ба зарари корхона ва ҳам ба зарари буҷа аст.

Декабрь 2, 2008 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд