АСАРИ НАВИ САҲНАВИИ ТЕАТРИ «АҲОРУН»

Декабрь 12, 2008 08:49

           Душанбе,  12  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова). – Ҳунарпешагони театри  «Аҳорун»  дар  арафаи  иди  Соли нав   асари  нави  саҳнавиро   ба  тамошобинон  пешкаш  хоҳанд  кард. Асар  аз рӯи романи  машҳури нависандаи  бузурги рус  Максим  Горкий  «Қиссаи модар»  ба  саҳна  гузошта  шудааст.  Коргардони  он  ҳунарпешаи  варзида  Фаррух  Қосимов  мебошад. Директори  театр Сабоҳат  Қосимова   ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  таҳияи  ин  асари  саҳнавӣ  дер  боз давом  дошт,  вале  намоиши он  бо  сабаби   кӯчидани театр  ба  бинои  нав  мавқуф  гузошта  шуд. Мақомоти  шаҳр  ваъда  кардаанд, ки  театрро  рӯзҳои  наздик  ба  бинои  нав  кӯчонад. Намоишномаи «Қиссаи  модар» аз  ду  қисм  иборат  аст. Қисми  аввали он  дар  бораи  Темури ланг ва зулму  истибдоди он  ва  қисми  дуюм  дар бораи  мағлуб  гардидани  Темури  ланг  дар  назди  корнамоии модар  нақл  мекунад. Ҳунарпешагони  театр  ба  муносибати  Соли  нав  барномаҳои  гуногунрангро  пешкаши  тамошобинон  мегардонад. Яке  аз онҳо  асари  саҳнавии  «Гулаки  сурх»  мебошад, ки   барои  тамошобинони  хурдсол  пешбинӣ  шудааст.

Декабрь 12, 2008 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа