АССОТСИАТСИЯИ МУАССИСАҲОИ ҚАРЗИ ХУРДИ ҶТ БА МИЗОҶОНАШ ТОРАФТ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ассотсиатсияи муассисаҳои қарзи хурди Тоҷикистон дар давоми нимаи аввали соли 2008 барои рушди соҳаҳои соҳибкорию тиҷорат зиёда аз 59 миллион доллари ИМА қарз дод. Айни ҳол шумораи умумии мизоҷони он қариб ба 228 ҳазор нафар мерасад. Мудири иҷроияи ассотсиатсия Толиб Ғайратов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ассотсиатсия аввали 2004 расман ба қайд гирифта шуд ва дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз муассисаҳои нахустини қарздиҳанда мебошад. Фаъолияти он соли 2000 оғоз ёфта буд. Ассотсиатсия имрӯз 56 муассисаи қарздиҳандаро муттаҳид менамояд. Т.Ғайратов афзуд, ки муассисаҳои қарздиҳанда ҷузъи ёриррасони бонкҳои калон буда, ба аҳолӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои гуногун қарз медиҳанд. Мизоҷони ассотсиатсия асосан барои таъмини муомилоти пул, хариди таҷҳизот ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонию фермаҳои чорводорӣ, хариди нақлиёт ё пардохтани пули таълим қарз мегиранд. Маблағи калонтарини қарз то 10 ҳазор доллари ИМА мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






