АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒГУЗОРИҲОИ ХУСУСӢ БИНО МЕСОЗАНД
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имсол дар шаҳри Ваҳдат дар соҳаи сохтмон натиҷаҳои хуб ба даст омад. Дар кулли ташкилоти сохтмонии ноҳия, ки ба тарзи пудратӣ амал мекунанд, ба ҷои 10 млн. 296 ҳазору 507 сомонӣ ба маблағи 10 млн. 908 ҳазору 507 сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд. Боиси зикр аст, ки дар шаҳр сохтмони баъзе иншоот, аз ҷумла сотмону таъмири мактабҳои рақами 2 ва 3 аз ҳисоби маблағгузориҳои ташкилотҳои байналхалқӣ ва буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад. Дар шаҳр аз ҳисоби маблағгузориҳои хусусӣ низ сохтмони як қатор иншооти зарурӣ анҷом дода мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






