АЗ ҲИСОБИ ПРЕЗИДЕНТ БА ХОНАНДАҲО КӮМАК РАСОНИДА ШУД

Декабрь 30, 2008 08:49

          Темурмалик, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Тибқи иттилои директори Хонаи бачагонаи ноҳияи Темурмалик Қудратулло Азизуллоев, аз ҳисоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 99 хонанда сарулибос ва хӯрока расонида шуд. Аз ҷумла 92 куртка, 92 шиму костюм, 92 пойафзол, 92 куртаи сафед, 92 каллапӯш, 2 тонна орд, 1 тонна биринҷ, 1 тонна шакар ва 1 тонна равған. Ғайр аз ин, барои харидани гӯшт 1280 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.          Инчунин, аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ 90 курта, 90 жемпир, 70 дона куртаи бегиребон, 5 линга орд, 20 кг равған ва 40 кг гӯшт расонида шудааст. Ба гуфтаи Қудратулло Азизуллоев, аз тарафи роҳбарияти Хонаи бачагонаи «Танобчӣ» барои хонандагон дар 15 гектар замин ғалла, дар 5 гектар зағир ва барои кормандон дар 11 гектар ғалла кишт карда шудааст. Барои зимистонгузаронӣ 7 тонна ангишт захира карда шуда, барқ шабонарӯзӣ таъмин аст.

Декабрь 30, 2008 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст