АЗ ДОХИЛИ ЧАРХИ ЭҲТИЁТИИ МОШИН ГЕРОИН ЁФТАНД

Декабрь 23, 2008 11:53

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор дар дидбонгоҳи ҷамоати Ғалабаи ноҳияи мазкур ронандаи мошини тамғаи «Хайфей» (рақами давлатиаш ВО 0692 РТ 01) Зиёратшо Абдурасулови 45-соларо боздошт намуданд. Мавсуф истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, пеш бо моддаи 200, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон доғи судӣ дошт.  Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии мошин аз дохили чархи эҳтиётӣ 2 килограмму 860 грамм героин ёфт ва мусодира гардид.  Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.     

Декабрь 23, 2008 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд