АЗ РӮИ «КАҲДУДИ СӮЗОН» ФИЛМНОМАИ ТОҶИКӢ ТАҲИЯ КАРДАН МУМКИН АСТ
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар арафаи соли нави 2009 нашриёти «Адиб» чопи асарҳои хонданибоби адибони муосири тоҷикро аз китоби «Каҳдуди сӯзон»-и нависандаи навҷӯву соҳибзавқ Саидаҳмади Зардон шурӯъ кард. «Каҳдуди сӯзон» аз ду қиссаи солҳои охир навиштаи нависанда — «Каҳдуди сӯзон» ва «Даври ҳафттабақаи замин», мураттаб гардидааст. Қиссаҳои мазкур мавзӯъҳои умдаи рӯз — муҳоҷирати кории хориҷӣ ва мушкилоти ҳаёти имрӯзаи ҷаҳониро фаро гирифта, бо мазмуну мундариҷаи баланд, сабку услуби шево ва маҳорату истеъдоди хоси нависандагӣ эҷод шудаанд. Дар ин асарҳо тақдир ва ҷаҳони ботинии инсон дар лаҳзаҳои мураккабтарини ҳаёт мавриди тасвиру таҳлил қарор гирифтааст. Бояд зикр кард, ки дар таърихи нашри китоби муосири тоҷик бори нахуст ду асари услубан мухолиф — қиссаи ҷиддии замон ва танзи дархӯри ҷаҳон дар як китоб нашр мешавад. Сужет, банду баст ва забони шевои асарҳои мазкур шавқовару дилнишин буда, тасвири нарму мушоҳидакоронаи манзараҳои табиат ба ҳолати рӯҳии қаҳрамонон созгор омадааст. Китоб бо ороишу сифати баланди ноширӣ, бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст. Мунаққидон бар онанд, ки аз рӯи қиссаи «Каҳдуди сӯзон» беҳтарин филмномаи тоҷикиро низ таҳия кардан мумкин аст. Тарҷумаи русии қиссаи «Даври ҳафттабақаи замин» бошад, танзи имрӯзаи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда метавонад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






