АЗ РӮИ МАРҲИЛАҲОИ ОЗМУН ҲИСОБОТИ БАҲОГУЗОРӢ ТАЙЁР МЕШАВАД
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Лоиҳаи «Беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон» аз ҳисоби маблағҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ мешавад. Маблағи умумии лоиҳа 6,675,000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Мақсади лоиҳа харидани техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ барои беҳар намудани ҳолати нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон аст. Дар ин маврид 9-уми ноябри соли 2007 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Созишномаи қарзӣ ва грантӣ ба имзо расида буд. 13-уми феврали соли 2008 бошад, байни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, инчунин, миёни ҳамин вазорат ва Маркази Татбиқи Лоиҳаҳои Таҷдиди Роҳҳо барои кори машваратчиёни маҳаллӣ Созишномаи грантӣ ба имзо расид. Аз 7-уми июли соли ҷорӣ кори машваратчиёни байналхалқӣ оғоз гардид. 13-уми октябри соли ҷорӣ озмун ташкил карда шуд. Аз 22 ширкате, ки ба озмун ҳуҷҷат супорида буданд, 13-тояшон иштирок намуданд. Протоколи комиссияи озмун тартиб дода шуда, ба Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд пешниҳод гардид. Айни замон, мувофиқи марҳилаҳои озмун ҳисоботи баҳогузорӣ тайёр карда шуда истодааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






