БӮҲРОНИ ҶАҲОНИИ МОЛИЯВӢ БА ИҚТИСОДИЁТИ ҶТ ЗИЁН МЕРАСОНАД

Декабрь 12, 2008 16:23

          Душанбе,  12  декабр.(АМИТ «Ховар», Лутфия  Эшонқулова). – Имрӯз  зимни  машварати   дар Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон  баргузоргардида  масъалаи бӯҳрони  ҷаҳонии  молиявӣ ва  таъсири  он  ба иқтисодиёти  Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.   Дар он  намояндагони  ташкилоту  муассисаҳои  молиявӣ,  аз  ҷумла,  вазоратҳои  молия,  рушди  иқтисод ва  савдо,  Пажӯҳишгоҳи  тадқиқоти иқтисодӣ,  Маркази тадқиқоти стратегии  назди  Президенти  Ҷумҳурӣ ва журналистон  ширкат  варзиданд. Ҳадафи  асосии  машварат  огоҳ  кардани   аҳолӣ аз   бӯҳрони  ҷаҳонии  молиявӣ ва имкониятҳои  зарари он  ба  иқтисодиёти  Тоҷикистон  мебошад. Мутахассиси вазорати  рушди  иқтисод ва  савдои ҷумҳурӣ  Зӯҳро Мӯсоева  дар  бораи  бӯҳрони ҷаҳонии  молиявӣ  маълумоти  муфассал  дода,  зикр  намуд, ки он ба  иқтисодиёти  Тоҷикистон  низ  зарари  манфӣ  расонид.  Ин  пеш  аз  ҳама  дар  паст  гардидани нархи  молҳои  содиротии  мамлакат  —  пахта ва  алюминий  равшан  зоҳир  мегардад. Намояндаи  вазорати  молия  Ҷамшед  Шерматов  ин  мавзӯъро  давом  дода,  изҳор  намуд, ки  соли  2009  дар  ҷумҳурӣ  барои  пешгирии  чунин  вазъият  фонди  махсус  ташкил  карда  мешавад.  Зикр  гардид, ки  имрӯз дар  ҳамаи ташкилоту муассисаҳои  молиявӣ  барои  пешгирии  зарари  бӯҳрони  молиявӣ  ва  бартараф  сохтани оқибатҳои он  комиссияҳои  махсус  ташкил  карда  шудаанд.

Декабрь 12, 2008 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид