БАҲРИ ТАДБИҚИ ЛОИҲА 74,4 КМ РОҲ ТАҶДИД ШУД

Декабрь 17, 2008 15:44

              Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- «Лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе — сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, фазаи I» миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд 5-уми марти соли 2004 ва бо Фонди ОПЕК 2-юми сентябри соли 2004 ба имзо расида буд. Маблағи умумии лоиҳа 23,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.             Ҳаҷми лоиҳа таҷдиди роҳи автомобилгарди Ваҳдат — Оби Гарм, беҳтар кардани ҳолати роҳҳои шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод, шаҳри Роғун, корҳои таъмирӣ дар роҳи Оби Гарм — Нурободро дар бар мегирад.              Пудратчии асосии лоиҳа ширкати «Синохайдро»-и Ҷумҳурии Халқии Чин буда, машваратчии байналхалқӣ «СМЕК — Австралия» аст.              Бояд зикр намуд, ки баҳри тадбиқи лоиҳа то ҳол таҷдиди 74,4 км роҳ, сохтмони 4 адад кӯпруки нав, таҷдиди 9 адад кӯпруки вуҷуддошта ба анҷом расонида шудааст.  

Декабрь 17, 2008 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид