БА МАСЪУЛИНИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ СУПОРИШҲОИ МУШАХХАС ДОДА ШУД

Декабрь 25, 2008 12:40

         Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 23-юми декабри соли равон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ду масъалаи муҳими соҳаи тандурустӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.          Аз рўи масъалаи «Вазъи эпидемиологии бемории ҳорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сардори Раёсати эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврўз Ҷаъфаров маърўза хонд. Ӯ қайд намуд, ки дар солҳои 2006 — 2007 кам шудани сатҳи бемории ҳорӣ ба назар расида буд, вале дар 10 моҳи соли 2008 нисбат ба 10 моҳи соли 2007 ин намуди беморӣ дар ҳаҷми 13 ҳодиса боло рафт.        Қайд карда шуд, ки як сабаби дучори бемории ҳорӣ гардидани аҳолӣ, дар 70  — 80%-и ҳолатҳо саривақт муроҷиат накардани онҳо барои гирифтани ёрии таъҷилист. Ҳамчунин, зикр гардид, ки сабаби фавт аз ин беморӣ ба қадри зарурӣ ҷудо нашудани маблағ барои дастрас намудани маводи табобатӣ мебошад.         Аз рўи масъалаи «Дар бораи «Барномаи миллии пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВИЧ/СПИД ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2007» директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пўст ва узвҳои таносул Азизулло Қосимов ва директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД Муродали Рўзиев маърўза хонданд. Қайд гардид, ки аз соли 1991 инҷониб 1422 ҳодисаи сирояти ВИЧ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор 1148 ҳодиса дар байни мардон ва 274 ҳодиса дар байни занон муайян карда шудааст. Аз байни сироятшудагон 140 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки 9,8%-ро ташкил медиҳанд.       Дар охири ҷаласа баҳри бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ба масъулини Вазорати тандурустӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.  

Декабрь 25, 2008 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад