БА РЎЗНОМАНИГОРОН ИНЪИКОСИ МАВЗЎИ ВИЧ/СПИД-РО МЕОМЎЗОНАНД

Декабрь 9, 2008 15:52

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Аз 11 то 13-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе тренинги серўза барои рўзноманигорон таҳти унвони «Инъикоси мавзўи ВИЧ/СПИД дар ВАО-и Тоҷикистон» баргузор мешавад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Мактаби мустақили рўзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI», бо дастгирии молиявии Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато ва кўмаки фаннии Барномаи муштараки СММ оид ба ВИЧ/СПИД гузаронида мешавад. Бино ба иттилои сарвари Мактаби рўзноманигорӣ Сафо Сафаров, ҳадафи ин тренинг омўзонидани тарзи дурусти инъикоси мавзўи ВИЧ/СПИД дар ВАО ва баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳии рўзноманигорон оид ба ангезандаи норасоии масунияти одам мебошад. Дар ин давраи омўзишӣ 20 нафар кормандони расонаҳои чопӣ ва электронии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон ширкат меварзанд. Зимнан ба рўзноманигорон 4 тренер аз Тоҷикистон ва Қазоқистон тарзи воқеъбинона ва дурусти инъикоси мавзўи ВИЧ/СПИД дар ВАО-ро омўзиш медиҳанд. Ҳамзамон коршиносони даъватшуда ба иштирокчиёни тренинг дар бораи ҷанбаҳои гуногуни ВИЧ/СПИД, чигунагии роҳҳои сироят ва пешгирии он, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии таҳияи маводи журналистӣ дар мавзўи ВИЧ/СПИД маълумот медиҳанд.Иштирокчиёни давраи омўзишӣ тайи се рўз ҳамчунин аз Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД боздид намуда, бо фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалие, ки ба гирифторони ангезандаи норасоии масунияти одам кўмак мерасонанд, шинос хоҳанд шуд. Қобили зикр аст, ки гурўҳи тренерони ин давраи омўзишӣ дар соли равон боз 2 тренинги ҳаммавзўъро дар шаҳрҳои Душанбе ва Қайроққум барои 40 рўзноманигор баргузор карданд. Чорабиниҳои мазкур бо ташаббуси Барномаи муштараки СММ оид ба ВИЧ/СПИД дар ҳамдастӣ бо ЮНЕСКО гузаронида шуд. Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД, то 1-уми октябри соли 2008 дар Тоҷикистон 1333 нафар гирифторони ангезандаи норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шудаанд (1079 мард ва 254 зан).

Декабрь 9, 2008 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад