БА СОҲИБКОР ОГОҲНОМА ДОДА, СОХТМОНИ ДӮКОНРО МАНЪ КАРДАНД

Декабрь 4, 2008 16:56

         Рӯшон, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Нақшаи генералии маркази ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ки соли 1975 аз тарафи Пажӯҳишгоҳи «Тоҷикгипрострой» бо назардошти васеъшавии шаҳрак таҳия гардида буд, тасҳеҳ талаб мекунад. Зеро солҳои охир аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои амалӣ намудани он чораҳои зарурӣ андешида нашудааст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итиллоъ доданд, дар соҳили дарёи Вамардара ба як қатор шаҳрвандон барои сохтмони дӯкону мағозаҳои хусусӣ иҷозат додаанд, ки дар минтақаи хавфноки селроҳа сохта шудаанд. Сохтмони «Чойхона» дар маркази ноҳияи Рӯшон аз тарафи соҳибкор Хушков.Қ. бе лоиҳа ба анҷом расонида шудааст. Иншоот дар болои дарёи Вамар ҷойгир буда, дар натиҷаи омадани сел ба он хавфи калон таҳдид мекунад. Инчунин, сохтмони «Маркази савдо» дар маркази ноҳия аз тарафи Бойматов Р. иҷозати мақомоти давлатиро оид ба сохтмон надорад. Барои аз байн бурдани он ба соҳибкор огоҳнома дода шуд. Сохтмони дӯкони фурӯши хӯрокворӣ аз ҷониби соҳибкор Шакармамадов Т. бошад, бо сабаби надоштани асноди лоиҳавӣ ва иҷозатномаи мақомоти давлатӣ оид ба сохтмон, манъ карда шуд.

Декабрь 4, 2008 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид