БАЪДИ ДУ СОЛ ВОРИДОТИ ГӮШТУ ТУХМ АЗ ХОРИҶИ КИШВАР ҚАТЪ МЕГАРДАД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон» Машокир Назаров, баъд аз пурра ба кор даромадани 18 корхонаи паррандапарварии ҷумҳурӣ, барои ворид кардани гӯшту тухм аз хориҷи кишвар эҳтиёҷ намемонад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 16 корхонаи паррандапарварӣ фаъолият доранд. Барои беҳтар намудани вазъи соҳа вазорат тадбирҳои зиёд меҷӯяд. То охири соли ҷорӣ боз 5 адад корхонаи паррандапарварӣ, аз қабили корхонаи паррандапарварии «Малик-М»-и шаҳри Ваҳдат, «Хонаобод»-и ноҳияи Кӯлоб, «Мавзуна»-и Шаҳритус ва «Мурғи Марҷон»-и ноҳияи Файзобод ба кор омода карда мешаванд.








Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт






