«БАРҚИ ТОҶИК» ИДДАОИ КОРХОНАҲОИ КОРКАРДИ ПАХТАРО БЕАСОС МЕДОНАД

Декабрь 12, 2008 12:01

           Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар моҳи январ — октябри соли ҷорӣ ба маблағи 1047,8 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудаааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 фоиз зиёд аст.  Дар корхонаҳои коркарди пахтаи ҷумҳурӣ бошад, дар даҳ моҳи соли 2008 405,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 17,1 фоиз кам аст. Корхонаҳои коркарди пахта сабаби кам шудани истеҳсоли маҳсулотро дар мунтазам нагирифтани барқ маънидод мекунанд, аммо ширкати «Барқи тоҷик» идаои онҳоро бо сабаби сари вақт напардохтани ҳаққи истифодаи барқ беасос медонад.

Декабрь 12, 2008 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид