БАРГУЗОРИИ ИНТИХОБОТҲО ДАР ИДМ БИДУНИ ТАҚАЛЛУБКОРИСТ

Декабрь 1, 2008 11:33

      Душанбе, 1 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 17 –уми декабр дар пойтахти Беларус -шаҳри Минск ҷаласаи навбатии ҳайати намояндагони Комиссияҳои марказии интихобот ва раъйпурсии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.        Иштирокчиёни нишаст масъалаҳои марбут ба фаъолияти намояндагиҳои  нозирони кишварҳои ИДМ –ро дар интихоботҳое, ки соли 2008 дар қаламрави ИДМ баргузор гардиданд, баррасӣ менамоянд. Ҳамчунин, роҳҳои такмили ташкил ва баргузории интихоботи шаффофу одилона бидуни тақаллубкорӣ дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳод ва тақвият бахшидани фаъолияти нозирони ИДМ дар ҷараёни  назорат дар интихоботҳо матраҳ мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст роҳбари Дастгохи Комиссяи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов намояндагӣ менамояд. 

Декабрь 1, 2008 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид