БАРНОМАИ БЕҲТАР СОХТАНИ ВАЗЪИЯТИ СОҲАИ МАОРИФ ИҶРО ШУД
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Аз вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки барномаи беҳтар сохтани шароит ва сифати таҳсил дар шаҳру ноҳияҳои озмоишии мамлакат иҷро карда шуд. Иҷрои барнома соли 2003 баъди имзои созишномаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ шурӯъ гардида буд. Котиби матбуоти маркази идораи барнома Парвиз Саидов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дар бораи натиҷаҳои иҷрои барнома сухан ронд. Вай зикр намуд, ки чанд рӯз пеш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат, Роғун ва ноҳияҳои Восеъ, Нуробод, Файзобод ва Шоҳмансур бо иштироки директорони мактабҳо, раисони шӯроҳои волидон ва омӯзгорон, намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мудирони шӯъбаҳои маориф ва ғайра натиҷаҳои иҷрои барнома ҷамъбаст карда шуданд. Зикр шуд, ки дар ин муддат дар шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ 418 шӯрои волидон ва омӯзгорон ташкил карда шуд. Дар ин ноҳияҳо мактабҳои нав сохта ва мактабҳои кӯҳна тармим карда шуданд. Дар доираи барнома бештар аз 600 ҳазор нусха китоби дарсӣ чоп карда, ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фиристода шуд. Мувофиқи барнома, дар ин ноҳияҳо принсипи маблағгузорӣ ба ҳар талаба истифода карда мешавад. Омӯзгорони мактабҳо дар давоми ду соли охир дар курсҳои кӯтоҳмуддат маҳорати худро такмил доданд. Дар доираи барнома дар шаҳри Душанбе ду мактаб ва дар ноҳияи Восеъ як мактаби нав сохта мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






