БАРОИ ДӮХТАНИ ЛИБОСҲОИ МАКТАБӢ СЕХҲО КУШОДА МЕШАВАНД

Декабрь 16, 2008 09:22

         Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).- Ширкати «Ёқут — 2000» дар якҷоягӣ бо VJ-и Хитой корхонаи муштараки дӯзандагӣ кушод. Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ширкати мазкур либосҳои ҳарбӣ медузад. Ҳоло дар ин ширкат 90 ҷои корӣ мавҷуд буда, дар оянда онро ба 360 адад мерасонанд. Ширкати номбурда бо ташаббуси Вазорати мудофиа, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Палатаи савдо ва саноати ҶТ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати назди Ҳукумати ҶТ ва Вазорати энергетика ва саноат кушода шуд. Айни замон маҳсулот барои дӯхтани либосҳо аз хориҷи кишвар ворид шуда истодааст, аммо дар назар аст, ки оянда аз маҳсулоти худӣ истифода бурда мешавад. Бояд зикр намуд, ки дар ин ширкат барои дӯхтани либосҳои мактабӣ низ кушодани сехҳо ба нақша гирифта шудааст.

Декабрь 16, 2008 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд