БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ КИТОБИ ДАРСӢ БА НАШР РАСИД

Декабрь 10, 2008 14:33

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ба наздикӣ дар ҶММ «Ғизо» дар ҳаҷми 464 саҳифа китоби наве бо номи «Беҳдошти ғизо» ба табъ расид. Он бо дастгирии Вазорати тандурустии ҶТ чоп гардида, ҳамчун китоби дарсӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ тавсия шудааст. Муаллифони китоб мутахассисони соҳаи тиб Октам Алиев ва Гурез Азимов мебошанд. Дар китоб масъалаҳои назорати санитарии беҳдошти ғизо дар муассисаҳои хӯроки умум, маълумоти асосӣ оид ба таблиғоти ғизогирии дуруст, маҳсулоти гуногуни озуқавӣ, ба монанди таркибияти аминатсидӣ, витаминӣ, минералӣ ва атсиди чарбии беҳади онҳо, моддаҳои минералӣ барои одамони синну солашон гуногун ва маълумот дар бораи ғизои парҳезӣ ва муолиҷавию пешгирикунанда батафсил баён карда шудаанд. Ҳамчунин, китоби мазкурро мутахассисони Хадамоти санитарию эпидемиологӣ, токсокологоҳо, табибони касалиҳои сироятӣ, диетологҳо, технологҳо, табибони санитарие, ки дар соҳаи хӯрок кор мекунанд ва шахсоне, ки ба истеҳсол, интиқол ва захиракунии маҳсулоти озуқавӣ машғуланд, метавонанд истифода баранд. Китоби мазкур аввалин маротиба бо чунин ҳаҷм ва бо забони тоҷикӣ навишта шудааст.         

Декабрь 10, 2008 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид