БАРОИ ПАРДОХТИ МАБЛАҒИ КОРҲОИ ИҶРОШУДА ЧОРА АНДЕШИДАНД

Декабрь 12, 2008 15:14

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоғун-Зиғар» дар 285-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар соҳили дарёи Панҷ роҳандозӣ шуда, сохтмони 34 км роҳи байни қишлоқи Шоғуни ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон ва қишлоқи Зиғари ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар бар мегирад. Мақсади асосии лоиҳа таъмини ҳаракати нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол байни қисмати ғарбии Тоҷикистон, аз он ҷумла шаҳри Душанбе ва қисмати шарқии Тоҷикистон — Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.  Бо сохта шудани роҳи мазкур, шароити тараққиёти соҳаи туризм ва сайёҳӣ, коркард ва истифодаи боигариҳои табиӣ, кашонидани мол ба мамлакатҳои ҳамсоя — Чин, Покистон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба вуҷуд меояд. Мўҳлати сохтмони марҳилаи дуюми «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоғун-Зиғар» мувофиқи нақша 22 моҳ муайян гардидааст. Дар ин самт кор аз 1-уми декабри соли 2007 оғоз гардида, ба анҷом расонидани он моҳи сентябри соли 2009 дар назар дошта шудааст. Бо мақсади тезонидани ҷараёни кор, чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд, то ин ки маблағи корҳои иҷрогардида аз ҷониби Бонки Исломии Рушд ва Вазорати молияи ҶТ саривақт пардохта шавад. На камтар аз 15% ҳаҷми корҳои сохтмонӣ бояд бо қувваи сохтмончиёни маҳаллӣ ба анҷом расонида шавад. Бо ин мақсад, як миқдор техника ва дастгоҳҳои сохтмонии ҶДММ «Роҳсоз»-и шаҳри Кӯлоб, ҶСШК «Барқсоз»-и шаҳри Хоруғ ва ҶСШК Муассисаи нақлиёти автомобили №2-и шаҳри Душанбе ба кор ҷалб карда шудаанд.

Декабрь 12, 2008 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид