БАРОИ ТАҚВИЯТИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ РИШВАХӮРӢ ЧӢ БОЯД КАРД ?
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 9 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ таҷлил карда мешавад. Дар ин бора Созмони Милали Муттаҳид 9 декабри соли 2003 қарор қабул карда буд. Тоҷикистон ҳам ба қарору санадҳои СММ дар бораи мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ ҳамроҳ гардида, барои тақвияти ин мубориза тадбирҳои самарабахш меандешад. Мухбири АМИТ «Ховар» дар ин мавзӯъ бо сардори Раёсати таҳияи нақшаҳои миллии стратегӣ ва барномаҳои иҷтимоию иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Абдулвоҳид Шамолов ҳамсӯҳбат шуд. А.Шамолов зикр намуд, ки аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ даромади солона аз ришвахӯрӣ дар саросари ҷаҳон бештар аз 600 миллиард доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Давлатҳои ҷаҳон хавфи бузурги ин зуҳуроти номатлубро барои ҷомеа ба хубӣ дарк намуда, ба муқобили он ҳамаҷониба мубориза мебаранд. Бо ин мақсад дар мамлакати мо «Дар бораи мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ», «Дар бораи хадамоти давлатӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ» қонунҳо қабул намуда, Агентии махсуси мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ ташкил карда шудааст. Вале ҳуҷҷати асосӣ дар ин соҳа Барномаи миллии стратегии мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ мебошад, ки тадбирҳои давраи солҳои 2008 – 2012 – ро дар бар мегирад. Илова бар ин соли 2006 ислоҳоти фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ гузаронида шуд. Ҳамаи ин дар бораи азми қавии роҳбарияти сиёсии мамлакат дар бобати пурра барҳам додани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа шаҳодат медиҳад. А.Шамолов зикр намуд, ки танҳо бо қувваи давлат ва сохторҳои қудратии он дар мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ натиҷаи дилхоҳ ба даст овардан душвор аст. Ба ин мубориза бояд тамоми қишрҳои ҷомеа, тоҷирону соҳибкорон ва созмонҳои байналхалқӣ ҷалб карда шаванд. Қайд карда шуд, ки барои иҷрои қонунҳо ва барномаи стратегии мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин созмонҳои байналхалқӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Дар шароити ҳозира фаъолияти аҳли ҷомеаро дар тақвияти мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ бештар сохта, сабабҳо ва шароитеро барҳам додан зарур аст, ки ба равнақу ривоҷи ришвахӯрӣ мусоидат мекунад, гуфт дар хотима Абдулвоҳид Шамолов.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






