БАРРАСИИ БАРНОМАИ ҲИФЗИ ИБОДАТХОНАИ БУДДОӢ ДАР АҶИНАТЕППА
Душанбе, 12 декабр.(АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Имрӯз дар Душанбе маҷлиси хотимавии кумитаи ҳамоҳангсоз бахшида ба барномаи нигоҳ доштан ва ҳифз кардани ибодатхонаи буддоӣ дар Аҷинатеппа баргузор мегардад. Барномаи мазкурро ЮНЕСКО ва Бунёди фарҳангии Ҷопон пешниҳод кардаанд. Иштирокчиёни маҷлис даври хотимавии иҷрои барномаро мувофиқи нақшаи кории соли 2008 ва тадбирҳои минбаъдаи ҳифзи ин ёдгории қадима баррасӣ менамоянд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлис намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, фарҳанг, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Бунёди Кластери ЮНЕСКО дар Алмаато, аъзои комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои ЮНЕСКО, коршиносони байналхалқӣ ва ҳамоҳангсози миллии барнома ширкат меварзанд.








Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд






