БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ КОРУ ЗИНДАГИИ КОРГАРОНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ

Декабрь 16, 2008 17:22

       Душанбе,  16  декабр.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда  Давлатзода). –  Имрӯз  дар  шаҳри  Душанбе  бахшида ба  масъалаҳои  ба  низом  даровардани ҷараёни  муҳоҷирати  меҳнатӣ  дар  Тоҷикистон  ва  проблемаҳои  марбут ба коргарони  муҳоҷири  тоҷик  дар  Федератсияи  Русия  семинар  баргузор  гардид. Дар  он  зикр  шуд, ки айни  ҳол аз  рӯи  маълумоти  ғайрирасмӣ  дар  Русия  ва  мамлакатҳои  дигари  ИДМ  зиёда  аз  600  ҳазор  коргари  муҳоҷири тоҷик  кор  мекунад. Қариб  нисфи  онҳо  дар  ин  мамлакатҳо  ғайриқонунӣ  кору  зиндагӣ  мекунанд.  Рӯзҳои  охир   мақомоти  дахлдори  Русия  нисбати  коргарони  муҳоҷири  хориҷӣ  ва   хусусан  тоҷикон тадбирҳои   қатъӣ  меандешанд.  Аз  ҷумла,  вақтҳои  охир   шумораи  коргарони   муҳоҷири  тоҷик,  ки  аз Русия  ронда шудаанд,  чандин  баробар  афзудааст. Аз  рӯи  маълумоти  Хадамоти  амнияти  Русия,  ҳар  сол  қариб  150  ҳазор  коргари  муҳоҷир  аз  мамлакат  ронда  мешавад. Тоҷикистон   дар  ин  масъала  баъди Ветнам,  Чин   ва  Молдавия  ҷои  чорумро  ишғол  мекунад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   дар  семинар  намояндагони  Ҳукумати  ҷумҳурӣ,  раёсати  муҳоҷирати ВКД, вазорати тандурустӣ ва ташкилоту  идораҳои  дигар  ширкат  варзиданд.

Декабрь 16, 2008 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид