БАРРАСИИ НАҚШАИ РОҲҲОИ МОШИНГАРДИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе , 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Зимни мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Асаналӣ Қарамалиев бо мушовири раёсати идораи ҳамлу нақли мол дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказии Бонки рушди Осиё Хонг Ки Макс масъалаҳои тартиб додани нақшаи ташкили шабакаи нақлиётӣ муҳокима шуд, ки Тоҷикистонро бо мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад. Таъкид шуд, ки ҳамлу нақли мол ба воситаи нақлиёти автомобил ва сохтмони роҳҳои мошингард барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Меҳмон ба проблемаҳои ҳамлу нақли мол аз Тоҷикистон ба мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Чин, теъдоди корхонаю муассисаҳои аъзои палата дар соҳаи нақлиёт ва ғайра таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зикр намуд, ки роҳи мошингарди Душанбе — Қулма ҳамагӣ 6 моҳ истифода бурда мешавад ва ин фаъолияти соҳибкорону тоҷиронро хусусан дар фасли зимистон душвор мегардонад. Хонг Ки Макс хабар дод, ки моҳи феврали соли оянда дар шаҳри Гуанчжоу бахшида ба нақшаи шабакаи роҳҳои мошингарди Тоҷикистон семинари дурӯза баргузор мегардад. Вай даъват намуд, ки намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар семинари мазкур ширкат варзанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






