БАРРАСИИ ПРОБЛЕМАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Соли 2000 бахшида ба проблемаҳои соҳаи маориф анҷумани ҷаҳонӣ баргузор гардида буд. Дар он пешбинӣ шуда буд, ки барои соҳаи маорифи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ тӯли солҳои оянда 6 фоизи маблағи маҳсулоти умумии дохилӣ ҷудо карда шавад. Вале ин қарор то ҳол иҷро нашудааст. Соли 2006 дар Қазоқистон барои соҳаи маориф 3,4 фоизи маблағи маҳсулоти умумии дохилӣ, дар Қирғизистон 4,7 фоиз ва дар Тоҷикистон 3,6 фоизи маблағи он ҷудо карда шуд. Ин ва проблемаҳои дигари соҳаи маорифи мамлакатҳои минтақа имрӯз зимни мулоқоти намояндагони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи барномаи «Маълумоти ҳамагон» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар мулоқот коршиносону мутахассисони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Онҳо дар бораи беҳтар сохтани сифати таҳсил дар мамлакатҳои минтақа сухан ронда, зарурати бунёди заминаи қонунии соҳа, афзун гардонидани имкониятҳои маъмурӣ, дарёфти захираҳои нав ва беҳтар сохтани натиҷаҳои таҳсилро таъкид намуданд. Зикр шуд, ки то ҳол проблемаи бо китобҳои дарсӣ таъмин кардани мактабҳо ҳал нашудааст, дар мактабҳо муаллимон намерасанд, меъёри миллии соҳаи маориф дар бисёр мамлакатҳо ба талаботи рӯз ҷавоб намедиҳад. Дар фарҷоми мулоқот ҳисоботи иҷрои барномаи «Маърифати ҳамагон» дар соли 2008 баррасӣ намуда ва нақшаю проблемаҳои соли 2009 муайян карда шуданд. Иштирокчиёни мулоқот барои иҷрои барнома то соли 2015 ба ҳукуматҳои мамлакатҳояшон тавсияҳо пешниҳод намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






