БАЗМГОҲИ АСОСИИ ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВИ 2009 МАЙДОНИ «ДӮСТӢ» АСТ

Декабрь 16, 2008 14:34

Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар асоси қарори ба тасвиб расонидаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев чорабиниҳои идонаи солинавӣ дар пойтахт дар майдони асосии мамлакат – майдони «Дӯстӣ» гузаронида мешавад», — гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе Шаҳло Мӯсоева. Дар ин ҷо, аз соати 8-и шом то 10 шаб бо иштироки ситораҳои шинохтаи эстрадаи тоҷик барномаи калони консертӣ баргузор гардида, баъдан ба шарафи истиқболи сазовори Соли нави мелодии 2009 муддати даҳ дақиқа ба фазо мушакҳои идона сар дода мешаванд. 27 –уми декабр соати даҳ дар толори Сирки давлатии Душанбе чорабинии идонаи солинавӣ барои кӯдакон ва наврасони пойтахт гузаронида мешавад, ки коргардони ин базмгоҳ Набӣ Ҷалолов аст. Дар ин ҷо тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо, хона-интернатҳои пойтахт барномаҳои ҷолиби солинавиро бо иштироки Бобои Барфӣ,  Барфак ва қаҳрамонҳои афсонавӣ тамошо карда, дар гирди Арчаи солинавӣ шеъру тарона мехонанд.Ҳамзамон, барои сокинон ва меҳмонони Душанбе дар чор боғи фарҳангу фароғатии  шаҳр –боғи «Дӯстии халқҳо», боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Айнӣ, майдони «800-солагии Москва» ва «Кӯли ҷавонон» аз соати 12 то 14-и 31-уми  декабр сайругашти идона ташкил карда шуда, беҳтарин дастаҳои ҳунарии эстрадии пойтахт консерт намоиш медиҳанд. Инчунин,  бо мақсади пурнозу неъмат гардонидани дастархони идонаи сокинони пойтахт,  дар бозорҳои шаҳр намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои дигари ниёзи мардум ташкил карда мешавад,-  афзуд дар анҷом. Ш Мӯсоева.  

Декабрь 16, 2008 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд