БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРОНИ СОЛИ 2008 МУАЙЯН КАРДА ШУДАНД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон 10 варзишгари беҳтарини соли 2008-ро эълон кард. Тавре ба АМИТ «Ховар» раиси АЖРВТ Нарзуллои Латиф хабар дод, мувофиқи натоиҷи назархоҳӣ ба рӯйхати 10 варзишгари беҳтарини сол намояндагони 9 риштаи варзиш дохил шуданд, ки инҳоянд: Юсуф Абдусаломов — барандаи медали нуқраи Бозиҳои ХХ1Х тобистонаи олимпӣ оид ба гуштии озод дар вазни то 84 кг; Расул Боқиев — барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин оид ба гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг;Ҷаҳон Қурбонов — ҷои панҷум дар Олимпиадаи Пекин ва барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳонии бокс дар вазни то 81 кг; Анвар Юнусов — ҷои панҷум дар Олимпиадаи Пекин дар риштаи бокс дар вазни то 51 кг;Дилшод Назаров — ширкаткунандаи сабқати ниҳоии зӯртарин гурзандозҳо дар Олимпиадаи Пекин ва ғолиби мусобиқоти байналмилалӣ; Толеъ Холназаров — барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг ё вазнабардорӣ дар вазни 110 кг бо натиҷаи умумии 950 кг дар сеҳарбаи қудратӣ; Набимуҳаммад Хоркашев — барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо дар вазни то 100 кг; Шаҳло Муҳаммадраҳимова — қаҳрамони Осиё оид ба таэквон-до ITF дар вазни то 45 кг;Акмал Қодиров — қаҳрамони Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ байни варзишгарони машҳур дар вазни беш аз 90 кг; Хуршед Маҳмудов — капитани дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, барандаи Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ва беҳтарин бозигари ин мусобиқа, Қаҳрамони футболи Тоҷикистон.Раиси АЖРВТ Нарзуллои Латиф афзуд, ки дар назархоҳӣ 62 нафар хабарнигорони соҳа, ки дар матбуот, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ фаъолият доранд, ширкат варзиданд. Онҳо дар пурсишнома ҳамагӣ 32 варзишгарро, ки намояндаи 14 навъи варзишанд, номбар кардаанд. Беҳтарин варзишгарони сол бо ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломҳои Ассотсиатстияи журналистони риштаи варзиши кишвар мукофотонида хоҳанд шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






