БЕЛОРУС ДАР ИҶРОИ БАРНОМАҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН САҲМ МЕГУЗОРАД
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Белорус, раиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду мамлакат аз ҷониби Белорус Игор Петришенко мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, тиҷорат, истихроҷи қувваи барқ, кишоварзӣ, варзиш, сафару саёҳат ва фарҳанг муҳокима шуданд. Қайд карда шуд, ки Белорус Тоҷикистонро дар соҳаҳои сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ бо техника, мошинҳои боркаш ва тракторҳо таъмин хоҳад кард. Ҳар ду ҷониб паймон карданд, ки дар заминаи корхонаҳои саноатии мавҷудаи Тоҷикистон корхонаҳои хурди муштараки ҳар ду мамлакат ташкил карда шаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Белорус дар давоми даҳ моҳи соли равон қариб 70 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод. Ба ақидаи коршиносон, ҳар ду мамлакат барои зиёд кардани маблағи хариду фурӯши мол то 300 миллион доллари ИМА имконият доранд. Тарҷумон — Қудратов А.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






