БО ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ МАВСИМИ НАВИ НИҲОЛШИНОНӢ ОҒОЗ ЁФТ

Декабрь 29, 2008 15:33

         Чунонки таҷриба нишон медиҳад, дар иқлими муътадили Тоҷикистон охири фасли тирамоҳ ва аввали зимистон аз ҳама вақти мусоид барои оғози мавсими нави ниҳолшинонӣ аст. Бо риояи ин анъанаи накӯи бобоӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавсими нави ниҳолшинонӣ ва корҳои кабудизоркунии муҳити зист ба таври оммавӣ оғоз ёфт.         Гурӯҳи наворбардори мо шоҳиди ҳашари серодами ниҳолшинонӣ дар назди Қасри Миллат, Кохи Истиқлол ва чандин мавзеъҳои дигари шаҳри Душанбе гашт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.        Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри миллат ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, аз қабили сарву санавбар, булут, кипариси аризонӣ ва ғайра шинонда, шахсан дар оғози мавсими нави ниҳолшинонӣ ва корҳои кабудизоркунии муҳити зист фаъолона иштирок кард.          Бояд махсус таъкид намуд, ки ниҳолшинонию боғдорӣ ва парвариши навъҳои гуногуни меваю сабзавот аз оинҳои бостонӣ ва пурифтихори ниёгони ориёии мост, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста мавриди арҷгузорӣ, пайравӣ ва тарғибу ташвиқи васеъ қарор мегирад.         Мавриди эътимоду боварист, ки ташаббусу пешкории имрӯза ба оғози мавсими нави ниҳолшинонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки иқлими муътадилу мусоид доранд,  боис мегардад.    

Декабрь 29, 2008 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад