БО СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ КИТОБИ «ТОҶИКОН» АЗ НАВ ЧОП КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати сад солагии рӯзи таваллуди академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси ботантана баргузор гардид. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар маҷлис ҳамаи ҳозиронро ба ин муносибат табрик намуд.Сарвари давлат зикр кард, ки Бобоҷон Ғафуров дар пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон, равнақу ривоҷи илму фарҳанги тоҷик ва рушди илми шарқшиносии ҷаҳон саҳми бузург гузошт. Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хизматҳои калони олим дар назди халқу ватан сухан ронда, зикр кард, ки Бобоҷон Ғафуров дар тӯли умри худ танҳо ба таҳқиқу омӯзиши таърихи миллати қадимаи тоҷикон ва давлатдории онҳо машғул шудааст. Б. Ғафуров дар давоми фаъолияти самарабахши илмии худ на танҳо таърихи мукаммали тоҷиконро таълиф намуд, балки дар таҳлилу омӯзиши таърихи бисёр халқҳои Машриқзамин нақши бузург гузошт. «Фаъолияти илмии Б.Ғафуров, ки бо омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик оғоз ёфта буд, тадриҷан вусъат ёфта, масъалаҳои гуногуни таърихи миллатҳо ва халқҳои Шарқ , ҳаёту эҷодиёти мутафаккирони бузурги Машриқзамин ва рушди илми шарқшиносиро фаро гирифт»,- гуфт сарвари давлат. Президенти ҷумҳурӣ дар фарҷоми суханрониаш ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки китоби «Тоҷикон» — ро то соли 2011 бо теъдоди 50 ҳазор нусха аз нав чоп кунанд. Китоби мазкур ҳамчунин ба забони англисӣ тарҷума ва нашр карда мешавад. Ҳадафи ин иқдом дастраси хонандагони бештар гардонидани китоби «Тоҷикон » мебошад. Ба Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки бахшида ба китобҳои «Тоҷикон» — и Бобоҷон Ғафуров ва достони «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ барномаҳои телевизионӣ ва радио таҳия сохта, мазмуну мундариҷаи онҳо ба тамошобинону шунавандагон ба таври оммафаҳм шарҳу эзоҳ дода шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






