БОИГАРӢ ҚОЧОҚ МЕШАВАДУ ТАДБИРИ ВАЗОРАТ МАЪЛУМ НЕСТ!
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Тибқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз моҳи феврали соли 2004 коркард, фурӯш ва интиқоли шираи камол манъ карда шудааст. Мутобиқи Қарори мазкур Вазорати тандурустӣ вазифадор карда шуда буд, ки коркади шираи камолро дар дохили кишвар ба роҳ монад. Тавре аз дафтари матбуоти вазорат иттилоъ доданд, то имрӯз дар дохили ҷумҳурӣ ягон корхонаи коркарди шираи камол вуҷуд надорад.Корчаллонҳои бо ном «соҳибкор» ин боигарии қимматбаҳоро барои фоидаи ночизе ба таври қочоқ ба хориҷи кишвар мебароранд. Хисороте, ки аз чунин фаъолияти «соҳибкорӣ» ба буҷаи ҷумҳурӣ расидааст, дар соли 2008 беш аз 53 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Шираи камоли ҷамъовардаи «соҳибкорон»-и маҳаллиро дар ҷумҳурӣ ягон ташкилоту идораи салоҳиятдор муайян накардааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






