БОЗДИДИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН АЗ ТУРБОАТОМ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Харкови Украина сафар карда, аз корхонаи азими Турбоатом, ки аз бузургтарин корхонаҳои саноатӣ оид ба бунёди турбина, агрегат ва дигар таҷҳизоти гаронарзиши нерӯгоҳҳои обӣ, атомӣ, ҳароратӣ ва ғайра буда, бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамари дерина дорад, дидан кард. Чунонки дирӯз дар нишасти матбуотии сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Ющенко таъкид гардид, беш аз 85 дар сади тамоми таҷҳизоти гидротехникии нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон сохти Турбоатом ва дигар корхонаҳои саноатии Украина мебошад. Ду агрегати нерӯгоҳи обии Роғун ҳам ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта аз корхонаи Турбоатом ба Тоҷикистон фиристода шуда буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи Турбоатом аз наздик шинос шуда, ба таҳкиму густариш додани ҳамкорӣ бо ин корхона дар самти таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда ва таъмини нерӯгоҳҳои нав бо таҷҳизоти гидротехникӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд. Маҳз ҳамин гуна имкону захираҳои фаровон аст, ки дирӯз Виктор Ющенко гидроэнергетикаро самти афзалиятноки робитаҳои иқтисодии ду кишвар маънидод кард ва изҳор намуд, ки «Украина азм дорад ҳамкории худро бо Тоҷикистон ба сатҳи стратегӣ барорад». Ба андешаи ӯ Тоҷикистону Украина имкон доранд дар ҳамкории зич ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии байни худ ва бо кишварҳои Осиёи Марказиро ба маротиб боло баранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода телефонӣ аз шаҳри Киеви Украина иттилоъ дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






