БОЗДИДИ СОҲИБКОРОНИ УКРАИНА АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Декабрь 22, 2008 08:58

                 Қӯрғонтеппа, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Гурӯҳи намояндагони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони Украина таҳти роҳбарии муовини волии вилояти Харков Олег Шаповалов барои боздиди корӣ ба вилояти Хатлон омад. Меҳмонон бо раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов ва раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев мулоқот карданд. Ҳадафи сафари онҳо шиносоӣ бо вазъи иқтисодии минтақа, омӯхтани имконияти ба роҳ андохтани равобити иқтисодӣ ва имзои қарордодҳои ҳамкорӣ бо корхонаҳои вилоят мебошад.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки айни ҳол дар Кӯлоб 22 корхонаи калони саноатӣ фаъолият дорад. Онҳо дар давоми 9 моҳи соли равон ба маблағи 277 миллион сомонӣ маҳсулот бароварданд. Ба қавли коршиносон, ҳамкорӣ бо мамлакатҳои дигар ба афзун гардондани маҳсулоти саноат ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ аҳамияти калон дорад.

Декабрь 22, 2008 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид