БОЗДОШТШУДАГОН ҲУҶҶАТИ ТАСДИҚКУНАНДА ПЕШНИҲОД КАРДА НАТАВОНИСТАНД
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳамарӯза фаъолияти худро бар зидди ҳама гуна қонуншикианӣ пурзӯр намуда истодааст. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ Раёсати мазкур зиёда аз 2 ҳазору 201 ҳолати қонунвайронкунии маъмуриро аз тарафи кормандони воҳидҳои тобеи раёсат ошкор кардааст. Дар натиҷаи баррасии ин ҳолатҳо ба маблағи як миллиону 578 ҳазору 858 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Аз миқдори зикршуда 152 ҳолатрро маҳсулоти сохмонии сементи воридшуда бо ҳаҷми зиёда аз як миллион килограмм ташкил медиҳад, ки маблағи ҷаримаи он 274 ҳазору 687 сомонӣ аст.Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Шаббодаи ноҳияи Спитамен 2 адад воситаи нақлиёти тамғаи «Камаз»-ро, ки таҳти идоракунии ронандагон Абдураҳмон ва Абдурауф Пулотовҳо буданд, боздошт карданд. Ҳангоми муоинаи гумрукӣ аз бордони нақлиёт ба миқдори 34 тонна масолеҳи сохтмонии сементи истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон бароварда шуд, ки ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надошт. Маълум гардид, ки моли мазкур ба шаҳрванд Ҷамшед Носиров тааллуқ доштааст. Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 199-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ» парванда тартиб дода, аз ӯ ба андозаи 9 ҳазору 44 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инчунин, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Ҳаштяки ноҳияи Спитамен, воситаи нақлиёти тамғаи «Камаз» таҳти идоракунии ронанда Асрор Муллоев боздошт гардид. Аз дохили бордони нақлиёти мазкур 26 номгӯи ҷиҳози хоб (мебел)-и истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарёфт гардид. Ҳангоми пурсупос ба кормандони гумрук номбурда ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод карда натавонист. Нисбати ин амали ӯ бо моддаи 199-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ» парванда тартиб дода, аз ӯ ба андозаи 11 ҳазору 208 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.Диққати асосии кормандони мақомоти гумруки вилояти Суғд ба пешгирии қочоқи маводи сӯхт ва молҳои зераксизӣ, аз ҷумла нӯшокиҳои спиртӣ ва сигарет нигаронида шудааст. Соли ҷорӣ 148 адад парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, аз шахсони қонуншикан 231 ҳазору 197 литр сӯзишвории дизелӣ, 54 ҳазору 171 дона нӯшокии пиво, 82 ҳазору 500 қуттӣ сигарет мусодира гардид, ки маблағи умумии ҷаримаи онҳо 316 ҳазору 811 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, дар 11 моҳи соли равон аз тарафи кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба миқдори 11 килограмму 637 грамм маводи нашъаовар ошкор ва мусодира кардаанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






