БУҶАИ ШАҲРИ КӮЛОБ БАРОИ СОЛИ 2009 ТАСДИҚ ШУД
Кӯлоб, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Тибқи иттилои сардори Раёсати молияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назаров, вакилони мардумӣ буҷаи шаҳри Кӯлобро барои соли 2009 тасдиқ намуданд, ки он нисбати соли гузашта як маротиба зиёд аст. Бо назардошти талаботи рӯзмарра, буҷаи имсолаи шаҳр дар ҳаҷми 27 миллиону 441 ҳазору 32 сомонӣ муқаррар шуд. Бахтиёр Назаров гуфт, ки қисмати зиёди маблағи буҷа ба соҳаи маориф ва тандурустӣ равона карда шудааст. Аз маблағи умумӣ 15 миллиону 340 ҳазору 244 сомонӣ барои соҳаи маориф, 5 миллиону 650 ҳазор сомонӣ — соҳаи тиб, 423 ҳазору 785 сомонӣ — фарҳанг, 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ — сохтмон ва 450 ҳазор сомонӣ барои соҳаи нақлиёт пешбинӣ шудааст. Қисмати боқимондаи маблағ барои кӯмакҳои иҷтимоӣ ва фонди захиравии шаҳрдорӣ сарф хоҳад шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






