БУҶЕТИ СОЛИ ОЯНДА ТАСДИҚ ШУД

Декабрь 29, 2008 12:31

              Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Аз вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки  Буҷети давлатии мамлакат барои соли 2009 ба маблаги бештар аз 6 миллиард сомонӣ тасдиқ карда шуд. Маблағи умумии хароҷоти буҷет дар соли оянда 6 миллиарду 111 миллиону 120 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои таъминоти молиявии  фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора  дар соли оянда  462 миллиону 745 ҳазор сомонӣ, мудофиа 300 миллиону 55 ҳазор сомонӣ ва  мақомоти муҳофизи қонуну тартибот   354 миллиону 765 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Соли оянда барои таъминоти эҳтиёҷоти соҳаҳои маориф як миллиарду 139 миллиону 446 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ 395 миллиону 745 хазор сомонӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 728 миллиону 742 ҳазор сомонӣ сарф карда мешавад. 

Декабрь 29, 2008 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид