БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ СУҒД ТАСДИҚ КАРДА ШУД
Хуҷанд, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Дар Хуҷанд таҳти раёсати раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иҷлосияи 15 Маҷлиси вакилони мардумии вилоят баргузор гардид. Дар он ғайр аз вакилони маҷлиси вилоят раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд. Дар иҷлосия натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёти вилоят дар давоми 11 моҳи гузашта муҳокима намуда, лоиҳаи буҷети соли 2009 тасдиқ карда шуд. Дар ҳисоботи раиси вилоят қайд карда шуд, ки дар давоми 11 моҳи соли 2008 нақшаи қисмати даромади буҷет 113 фоиз ва қисмати хароҷоти он 106,1 фоиз иҷро шуд. Корхонаҳои саноатии вилоят дар ин муддат ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ ба маблағи 1,9 миллиард сомонӣ маҳсулот бароварданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Қайд карда шуд, ки нақшаи ҷамъоварии пахта имсол 51 фоиз иҷро шуду халос. Дар иҷлосия буҷети вилоят барои соли 2009 тасдиқ шуд. Ҳаҷми қисми даромади он ба маблағи 380,8 миллион сомонӣ ва қисми хароҷоти он ба маблағи 354,2 миллион сомонӣ пешбинӣ карда мешавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






