БУЗУРГДОШТИ ХОТИРАИ ОЛИМИ БАРҶАСТА

Декабрь 27, 2008 13:08

              Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси омӯзгорони факултаи таърих ба шарафи  садсолагии рӯзи таваллуди академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар он олимон ва омӯзгорони ҳамаи мактабҳои олии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.                Декани факултаи таърихи донишгоҳ Насрулло  Убайдуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар»   хабар дод, ки дар конфронс дар мавзӯъҳои  «Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар ташаккули илми таърихшиносии миллӣ», «Бобоҷон Ғафуров — олими барҷаста ва арбоби давлатии Тоҷикистон», «Саҳми Б.Ғафуров дар тарбияи мутахассисони ҷавон», «Проблемаҳои  таҳқиқи таърихи  забони тоҷикӣ» ва  «Аҳамияти илмии  китоби  «Тоҷикон» маърӯзаҳо хонда шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар»» хабар медиҳад, ки маърӯзаҳои дар конфронс муҳокимашуда  дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо чоп карда мешаванд.

Декабрь 27, 2008 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд