ЧАРО ДЕГХОНАИ «ҒАРБӢ» БА КОР ДАРОВАРДА НАШУД?

Декабрь 23, 2008 09:45

        Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи иттилои директори Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе (МБГ) Умаралӣ Ниёзов, истеҳсоли энергияи гармӣ дар пойтахт дар мавсими зимистон ба миқдори 229,5 Гкал/соат ба нақша гирифта шудааст. Ин миқдори гармӣ дар МБГ шаҳри Душанбе 164,5 Гкал/соат, дар дегхонаи «Ғарбӣ» 50 Гкал/соат  ва дар дегхонаи «Шарқӣ» 15 Гкал/соат бояд истеҳсол мешуд. Феълан таъминоти сӯзишворӣ дар МБГ шаҳри Душанбе барои истеҳсоли энергияи гармӣ ба миқдори 110 Гкал/соат рост меояд, ки ин миқдор 52,1фоизи нақшаро ташкил медиҳад.         У.Ниёзов афзуд, ки дегхонаи «Ғарбӣ» бо сабаби таъмин нашудани сӯзишворӣ дар мавсими равон ба кор дароварда нашуд. Муштариёни  энергияи гармии аз ин  дегхона ба нақша гирифташудаи ноҳияи Сино қисман ба хатҳои интиқоли гармии «Рости-2»-и МБГ бо иқтидори 32 Г/кал пайваст шудаанд.        Истифодабарандагони энергияи гармии ноҳияи Фирдавсӣ, ки ба хати  интиқоли гармии «Рости-1» пайваст мебошанд, аз сабаби нарасидани сӯзишворӣ бо энергияи гармӣ таъмин нестанд.        Миқдори зарурии сӯзишвории гази табиӣ барои ба кор даровардани хати интиқоли энергияи гармии «Рости-1» 12 ҳазор м3/соат-ро дар бар мегирад. Ин миқдори сӯзишворӣ бо истеҳсоли 59 Гкал/соат энергияи гармии иловагии барои ноҳияи Фирдавсӣ банақшагирифташуда баробар аст, ки Айни замон таъмин нест.        Бояд зикр кард, ки Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии пойтахт субъекти зертобеи ШСХК «Барқи тоҷик» буда, масъалаи таъминоти сӯзишворӣ барои фаъолияти таъинотии он низ ба зиммаи ҳамин ташкилот  вогузор аст.

Декабрь 23, 2008 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд