ЧАРО КОРФАРМОЁН ТАЛАБОТИ КОДЕКСИ МЕҲНАТРО РИОЯ НАМЕКУНАНД?
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).- Бино ба гуфтаи сардори шӯъбаи муҳофизати меҳнат ва рушди шарикии иҷтимоии Раёсати муносибатҳои меҳнатии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Маҳмадсафар Асоев, дар натиҷаи санҷишҳо аз тарафи корфармоён риоя нашудани талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, ҳифз ва бехатарии он, риоя нашудани шартномаҳои коллективӣ ошкор карда шудааст. Дар натиҷаи санҷишҳо 253 ҳолати риоя нашудани гузаштан аз муоинаи тиббӣ дар соҳаи истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ошкор шуд. Ҳамчунин, 242 ҳолати риоя нашудани талаботи ҳифзи меҳнат, 217 ҳолати таъмин накардани имтиёз ва ҷуброн барои кормандони шароити корашон зарарнок маълум гардид. Дар маҷмӯъ, қариб чоруним ҳазор ҳолати қонунвайронкунӣ дар соҳаи меҳнат аз тарафи корфармоёни корхона, муассисаю ташкилоти ҷумҳурӣ муайян гардида, барои чораҷӯӣ ва ислоҳи камбудиҳо ба роҳбарони муассисаю корхонаҳо дастуру санад ирсол карда шудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






