ЧАРО «СУҒДИЁН»-У «ҲИСОР» БАРОИ ТУХМӢ ҶУДО КАРДА НАМЕШАВАНД?
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфтаи мудири кафедраи селексия, генетика ва пахтакории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Салимбек Расулов, барои пахтакориро ба соҳаи сердаромад табдил додан, корро аз кишти техникии он шурӯъ кардан зарур аст. Дар давлатҳои соҳаи пахтакориашон пешрафта дар 1га замини пахта ҳамагӣ 20 — 25 кг пунбадона кишт карда мешавад. Дар шароити феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар 1га аз 80 то 120 кг чигити пахтаи миёнанах ва то 60 кг чигити пахтаи маҳиннах кишт карда мешавад, ки дар ин ҳол хоҷагиҳо пеш аз ҳама фоидаи иқтисодиро бо харҷи зиёди тухмӣ аз даст медиҳанд. Аз тарафи дигар, кори ягонакунӣ боиси меҳнати иловагӣ ва маблағгузории зиёдатӣ мегардад. Олимони соҳаи кишоварзӣ навъҳои пахтаи серҳосили «Ҳисор» ва «Суғдиён»-ро, ки то 50-сентнерӣ аз ҳар гектар ҳосил дода метавонанд, ба вуҷуд оварданд. Аммо бо сабаби дуруст ташкил накардани соҳаи тухмипарварӣ, чигити ин навъҳо барои тухмӣ ҷудо карда намешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






