ДАР 11 МОҲ СЕ СӮХТОРИ КАЛОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 3 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки аз он ба соҳибкорон ва тоҷирон хисороти зиёди пулию молӣ расидааст. Бино ба гуфтаи прокурори ноҳия Раҷабалӣ Юлдошев, дар ду ҳолат нисбати гунаҳгорон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Қасдан аз ҷониби Алишер Собирҷонов оташ задани мағозаи «Престиж» дар бозори «Корвон» тасдиқи худро ёфт ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, ба суд ирсол гардид. Бояд зикр намуд, ки дар ин муддат барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор 38 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Муайян карда шуд, ки бештари сӯхторҳои баамаломада аз беаҳамиятӣ ва бесалоҳиятии худи соҳибкорон рух додаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






