ДАР ҒОНЧӢ КЕЛИН АЗ ЛАТУКӮБИ ХУСУР БА ҲАЛОКАТ РАСИД
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Сокини деҳаи Далёни поёни ноҳияи Ғончии вилояти Суғд Шарофиддин Зарифови 50-сола тахминан соати 14-и 30-юми ноябри соли 2008 бо сабабҳои номаълум келинаш Наврӯза Зарифоваи 28-соларо латукӯб намудааст, ки ҷабрдида аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки нисбати ҳодисаи мазкур тибқи моддаҳои 104, қисми 2 ва 117, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш давом дорад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






