ДАР ҚУБОДИЁН ҶАВОНИ НОБОЛИҒ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ФИРИСТОДА ШУД
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Дар вилояти Хатлон ҷавони ноболиғро барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ фиристоданд. Корманди прокуратураи низомии гарнизони Қӯрғонтеппа Шӯҳрат Бадалов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиён 13 ноябр сокини ҳамин ноҳия Мӯҳриддини Шарофиддинро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намуд. Аз рӯи маълумоти ҷамоати маҳалли зисти даъватшаванда, ӯ бо фамилияи дигар, яъне Мӯҳриддин Буров ба қайд гирифта шуда, соли таваллудаш 1990 мебошад. Вале фамилияи шахси мазкур дар дафтарҳои қайди Шӯъбаи сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ Буров набуда, балки ҳамчун Мӯҳриддини Шарофиддин сабт шудааст. Илова бар ин, соли таваллуди ӯ на 1990, балки 1991 мебошад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки Комиссариати ҳарбии ноҳия ҷавони ҳанӯз ба синни даъват ба хизмати ҳарбӣ нарасидаро ба хизмати ҳарбӣ фиристодааст. Ш. Бадалов хабар дод, ки бо қарори мақомоти муҳофизи қонун Мӯҳриддини Шарофиддин аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ озод карда шуд ва мавриди пурсу ҷӯ қарор дода мешавад. Тафтиши ин қазия давом дорад.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






