ДАР ҲАҶМИ 5 МЛН. СОМОНӢ ҚАРОРДОДИ СОХТМОНӢ БАСТА ШУД

Декабрь 9, 2008 09:07

          Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ барои давом додани корҳои сохтмонӣ дар осоишгоҳҳо ва биноҳои маъмурии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират бо корхонаҳои сохтмонӣ дар ҳаҷми 5 млн. сомонӣ қарордод ба имзо расонид.  Аз ин маблағ барои сохтмони осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, бинои маъмурии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Нуробод ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ, Тавилдара-133, Масчоҳ- 200, Дарвоз-200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.  Ҳамчунин, барои сохтмони бинои Маркази байналхалқии реаблитатсионӣ дар ноҳияи Балҷувон 765 ҳазор сомонӣ, хона-интернати кӯдакони ноқисулақли «Чорбоғ» ба маблағи 3 млн. 468 ҳазор сомонӣ бо ташкилотҳои сохтмонӣ қарордод баста шуда, то имрӯз баробар бо зиёда аз 5 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудааст.           

Декабрь 9, 2008 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа